БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТАИ ВАХШ №32 БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Санаи 16 апрели  соли 2021 тибқи ҷадвали баргузории вохуриҳои номзад бо интихобкунандгон, дар толори фарҳангии  Ҷамоати шаҳраки Гулистон, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Вахш №32 Абдусаломзода Мунаввар Акбар бо интихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохурии навбатӣ баргузор гардид. Зимни вохурӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев М баромад намуда, ҳадафу маром ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, муарифнома ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба самъи иштирокдорон расониданд.

Сипас, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Вахш №32 Абдусаломзода Мунаввар Акбар оид ба нуқтаҳои   барномаи пешазинтихоботии худ дар самти мусоидат ба рушди устувори соҳаи маориф ва тандурустӣ, ба кор овардани ҷавонони лаёқатманд, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа изҳори ақида намуд. Вохурӣ бо пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg