
КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки Саймуминзода Фирӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “сиёсати ҷавонон смати афзалиятноки барномавии ҲХДТ ” баргузор гардид.
Зимни баргузории курс аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки ҷавонон ва ташаббусиҳои онҳо дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад. Ҳар амалу кори созандаи ҷавонон аз ҷониби ҳизб пайваста дастгирӣ меёбанд.
Баъдан аз ҷониби шунавандагон ба масъулини ҳизбӣ суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.