БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТДОРИИ ТАБИАТ МАРОМИ МОСТ!

АНДЕША. Бахшида ба  сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара як қатор корҳои ободониву кабудизоркунӣ рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зебоипарастӣ  ва  озодагиро дӯст медоранд, мехоҳанд, ки  ҳама чиз дар табиат доимо  дар ҳолати дилрабо  бошад. Муҳити зисти одамон  ҷавобгӯи  талаботи санитарӣ бошад ва ба  саломатии мардум халал нарасонад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  дарахти азимро мемонад, ки бо  шарофати нигоҳубини ҳамаҷониба ва истеъмоли обу ғизоӣ саривақтӣ сол  ба сол ба камол расида, реша давонда мустаҳакамтар шуда истодааст.

Бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриамон  гармхонаҳо сохта шудаанд,  ки дар ҳама фаслҳои сол гулҳои тару тозаро дастрас  карда метавонем. Дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо барои ободонӣ дарахтони ҳамешасабз  шинонида, гулгаштҳои нав бунёд намуда, хуллас, ки  ин хуррамгардониҳо  табиати мо ба як гӯшаи дилкаш мубаддал ёфта истодааст. Дарахтони арчаҳое, ки дар роҳравҳо шинонида шудаанд, дарахтони нодиранд ва мо бояд  ба қадри меҳнати онҳое, ки пеш аз мову Шумо онҳоро шинониданд,  бирасем, нигоҳубинашон кунем. Ҳамин тавр корҳои гулу гулкорӣ, бунёдкорӣ, кабудизоркунии муҳити зист сар то сари ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Ба  ҳамин  монанд гулгашту боғҳо, аз як гӯшаи нообод  ба чаманзор табдил ёфта истодааст. Чи хеле аз суханҳои Сарвари давлат  бармеояд, ҳамаи мо вазифадорем, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мардуми шарифу заҳматпеша ва ободкору фарҳангсолорӣ  тоҷикро дар роҳи  бунёдкориву созандагии Ватани  маҳбубамон -  Тоҷикистон  карда, барои  боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини  аҷдодиамон сарвариву роҳнамоӣ намоем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg