
ДӮСТӢ. Дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии умумӣ ташкил карда шуд.
Сокинони ноҳия тасмим гирифтанд, ки чунин корҳои ободу зебогардониро то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, боғи мазкурро ободу зебо гардонида, баҳри фароғати сокинони ноҳия пешкаш намоянд. Дар раванди корҳои созандагӣ иштирокдорон як қатор корҳои ободониро ба анҷом расонида, саҳми худро дар сарсабзу хуррамгшардонии як гӯшаи диёр гузоштанд.