
ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлоли” Донишгоҳи давлатии Данғара маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар маҷлиси Раёсат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Бунафша, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлиси Раёсат як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида, ба фаъолони ҳизб ҷиҳати татбиқи хадафҳои барномавии ҲХДТ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.