
ДАНҒАРА. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019 – 2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барои рушди анъанаҳои неки ниёгон, яъне ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чӯбтарошӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, сохтани асбобҳои созӣ- овозӣ, табақу қошуқ миёни сокинон корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, ба онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин амали неку шоиста маслиҳатҳои муфид дода истодаанд.