БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРАМАЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат  кулли сохторҳои ҳукумат ва  натиҷаҳои кору фаъолияти онҳо  мавриди таҳлил қарор ёфта, фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқ, нақшаву дурнамои онҳо тарҳрезӣ ва вазифагузорӣ карда мешавад. Сарвари давлат соли 2021 низ сохторҳои гуногуни хоҷагии халқро дақиқназарона баҳо дода, ба фаъолияти ҳар як вазорату идораҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳар яки мо масъулем, ки кору фаъолияти худро дар асоси ин ҳуҷҷати оинатабор ба роҳ монем.

Хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки муроҷиатҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда,  содиқона ва софдилона ба халқ хизмат намоянд.  Дар шароити вазнини буҳрони молиявию иқтисодӣ, ки таҳлилҳои соҳаи иқтисод нишон додаанд, қисмати бузурги сайёраро фаро гирифтааст, бо амалӣ сохтани тадбирҳо соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатикунонии кишвар Тоҷикистонро ба кишвари тараққикарда  табдил додан мумкин аст. Ҳамин аст, ки  Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ  қайд намуданд, ки моро зарур аст кишварамонро ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ мубаддал гардонем.

Ба ҳамин роҳ метавонем  ҳазорҳо ҷойҳои кории нав ташкил намуда, сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳем. Дар ин замина хавфи ворид гардидани фарҳанги бегона ба фазои кишварамон  паст гардида, мардуми шарифи Ватан аз бисёр падидаҳои номатлуб эмин мегарданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат якчанд фикру мулоҳизаҳои дигаре низ садо доданд, ки аҳамияти байналмилалӣ доштанд. Аз ҷумла, Сарвари  давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз намуданд, ки  пайдо шудани гурӯҳҳои даҳшатноку нафратоварӣ террористӣ, ки аксаран зери  шиорҳои диниву мазҳабӣ  сурат мегиранд, ба дини мубини ислом рабте надошта баръакс, он аз ҷониби душманони ин дини поку муқаддас  роҳандозӣ шуда,  аз он  миллионҳо нафар мусалмонони кураи замин зарар мебинанд. Дар ҳамин замина  тамоми кишварҳои сайёраро зарур аст, ки гирди ҳам муттаҳид шуда, ин хатари умумимиллиро  бартараф намоянд.

Дар Паём, инчунин  Пешвои миллат қайд намуданд, ки соҳаи иҷтимоиёт яке аз соҳаҳои калидии хоҷагии халқ ба ҳисоб  рафта, некуаҳволии халқ дар ҳамин соҳа инъикос мегардад. Соҳаҳои дар боло зикргардида дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсусро касб намуданд. Диққати махсус зоҳир намудани Пешвои миллат ба  ин  самтҳо беасос набуда,  саломатии мардум агар сарвати асосии давлат бошад, меҳвари асосии тамоми соҳаҳои хаҷагии халқ  саводнокии онҳо мебошад.  Пойдории асосии давлат  ин соҳиб будан ба мутахассисони кордон, олимони соҳаҳои гуногун  ва умуман мардуми босаводи он мебошад.

Мирзоев Даврон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg