БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ВАТАН- МОДАР РАФТАНД

ХОВАЛИНГ. Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан -Модар тайёр намудани   онҳо  як самти асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалингро ташкил медиҳад.

Кормандони Кумитаи иҷроия мунтазам дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассиса ва ҷойи зисти мардум дар мавзуъҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ суҳбатҳо доир намуда, ҳисси ватандӯстии ҷавононро ҷиҳати иҷрои қарзи фарзандиашон дар назди Ватан –Модар баланд мебардоранд. Натиҷаи бурдани чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию тарбиявӣ мебошад, ки ҳамасола бисёре аз ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мераванд.  Имсол ҳам бештар аз 36 нафар ҷавонони ноҳия  дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд.  Дар чорабинии тантанавии  Рӯзи даъватшаванда падару модарон, роҳбарони ташкилоту муассиса, собиқадорони меҳнат иштирок намуда, даъватшавандагонро барои хизмати содиқона ва софдилона ба Ватан даъват ва ҳидоят карданд.

Ҳамаи сафарбаршудагон баъди хатми  курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Даъватшудагон  дар ҳавои суруду мусиқӣ ва рақс бо шодию хурсандӣ ва дуои пирони рӯзгор ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg