БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲ САФАРБАР ГАРДИДАНД

ҶАЙҲУН. Ба муносибати сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар коммисариати ҳарбии ноҳия Ҷайҳун чорабинии фарҳангии тантанавӣ ва маросими гусели нахустин даъватшавандаҳо бо иштироки раиси ноҳия Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз  баргузор гардид.

Дар он ҳамчунин волидайни даъватшавандагон, роҳбарони сохторҳои низомӣ  ва суд, аъзои комиссияи даъват, афсарону сарбозони қисми низомӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Сараввал раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз ба сухан баромада,  таъкид намуд, ки мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то халқи азизамон дарк намояд, зеро Артише, ки марзашро ҳимоя карда метавонад ва мардумаш таҳти ҳимояи он аст, зиндагии осоишта ба сар мебарад.

Дар шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар, солиму аз ҷихати ҷисмонӣ обутобёфта, забондону соҳибихтисос ва дорои маҳорату малакаи баланди касбӣ ниёз дорад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос ва ботаҷриба, такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагии афсарону сарбозон диққати махсус зоҳир менамоянд.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои ҳарбии худро дар назди Ватан - Модар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд».

Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Қ. Зулматов ба сухан баромада,  аз наваскарон даъват намуданд, ки барои бо сарбаландӣ  иҷро намудани қарзи Ватан -Модар ва барои ноил шудан ба номи пуршарафи сарбози Ватан кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин,  як модари меҳрубон, ки писараш ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, аз номи волидайни даъватшудагон барои ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуои нек намуд. 

Ҳофизони шинохтаи ноҳияи Ҷайҳун бо суруду таронаҳои худ хотири иштирокдорони чорабиниро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg