БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБИ САРВАРИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Вобаста ба таъсиси курси омӯзишӣ таҳти унвони “Мактаби сарварии Созандагони Ватан” вохӯриҳо роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо мақсади интихоб намдани шунавандагони курс аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки курси мазкур бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар ташкил шуда истидааст.

Бояд гуфт, маърӯзачиён аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вакилони мардумӣ ташкил гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар давоми моҳҳои апрел ва июни соли 2021 миёни иштирокчиёни курс аз таҷрибаи кору зиндагии худ суҳбату мулоқотҳо баргузор карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg