БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ПАЙВАСТА ҒАМХОРӢ ЗОҲИР МЕГАРДАД

ҶАЙҲУН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” Ҳайдарзода Зикрулло дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳтиёҷмандону маъюбон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» ба дидорбинии оилаҳои эҳтиёҷманд рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо бохабар ва бо аҳли оилаашон ҳамсуҳбат шуда, кори хайреро анҷом доданд.

Сипас, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” Ҳайдарзода Зикрулло ба  чор оила истиқоматкунандагони деҳаи Телмани Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён шахсони аёдатшуда руҳбаланд гардида, миннтадории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg