БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН- МОДАР ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРДИ БО НАНГУ НОМУС АСТ

Н.ХУСРАВ. Бо  дарки  масъулияти  худ  дар  назди  Ватан ба  коммисариати  ҳарбии  ноҳия  42 нафар  ҷавонон барои  хизмат ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  ҳозир  шуданд. Дар  ҳамин  замина  бахши  ноҳиявии  намояндагии  Ташкилоти  ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони  Ватан»  барои  дар  сатҳи  баланди  ватандориву  ҳифзу  таҳкими  пояҳои  истиқлолияти давлатӣ баргузор  гардидани  чорабинии  мазкур  ҳиссаи  сазовор гузошт.   Чорабинии  мазкур  дар  назди бинои Комисарияти ҳарбии ноҳия,  раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  Нишонзода  Даврон, раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Носири  Хусрав Ализода Сураё  иштирок ва баромад намуда,  ба  ҷавонон  фаҳмониданд, ки  хизмат  ба  Ватан-Модар  қарзи  имониву виҷдонии  ҳар  як  ҷавонмарди  бонангу  номус буда, мактаби  бузурги  тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва  ватандорӣ  ба  ҳисоб меравад. Ҳар  як  ҷавони ин  Ватан хизматҳои  содиқонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро, аз  ҷумла  ҳар  як  тадбиру  корнамоиву  қаҳрамониҳои  Пешвои миллат ба  ҷавонони  кишвар дарси  шуҷоату  мардонагӣ  буда, дар  руҳияи  садоқат  ба  Президент-садоқат ба  Ватан  саҳми   худро мегузоранд.

 Инчунин,  аз тарафи Нишонзода Даврон ба 15 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи хизмат рафтанд,  шаҳодатномаи ронандагӣ  тақдим карда шуд.

Модари  даъватшуда Турақулова Нигина ва собиқадори меҳнат Абдумуродов  Нурмуҳамад  баромад  намуда, қайд  карданд, ки нишоту  рӯзгору  зиндагии  мо  аз  оромии  кишвар  вобаста  аст.  Аз  фарзондонашон  хоҳиш  намуданд, ки   бо  дарки  баланди масъулияти  ватандорӣ  хизмати  ҳарбиро  ба  ҷо  оварда, бо  сари  баланд  ба  наздашон  баргарданд.

Дар охир аз  ҷониби  санъаткорони қасри фарҳанги ноҳия барномаи  рангини  фарҳангӣ  пешкаш  гардида,  даъватшудагону волидайнашон   раксу  хурсандӣ  намуда,   онҳоро  бо  дуои    нек  ба  хизмати  Ватан  гусел  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg