БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, , Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳтиёҷмандону маъюбон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» кори хайреро анҷом доданд.

Зинми аёдат  Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо оилаҳои эҳтиёҷманд Сафаров Ҳалимҷон маъюби гурӯҳи 2-юм, Сафаров Маҳмудҷон маъюби гурӯҳи 1-ум ва Султонова Гулчеҳра маъюби гурӯҳи 1-ум суҳбати самимона ороста, ба онҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шахсони аёдатшуда ва аҳли оилаи онҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg