БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ВАҲДАТУ САРҶАМЪИИ ИНСОНИЯТ

АНДЕША. Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми дунё ҷашн мегиранд.

Ин ҷашни таърихию суннатиамон бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол пеш, яъне дар соли 2010 мувофиқи қарори ЮНЕСКО дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз иди байналмилалӣ эълон гардид.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз ҳоло ба яке аз беҳтарин ойинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст. Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз шашҳазор пеш Наврӯзро ҳамчун рӯзи бедоршавии табиат, аввали рӯзи баҳор, айёми покиву сафо ва бахшоишу саммимият таҷлил менамуданд.

Бузургии ин ҷашн пеш аз ҳама дар он аст, ки ба дили хурд то бузург меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва шодиву нишот бахшида, ҳамагуна табақаи ҷомеаро муттаҳид месозад ва ҳар як инсонро ба некиву накукорӣ водор месозад.

Маҳз, ба ҳамин сабаб дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашни фархунда, ҳамзамон, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат бахшида шуда, зимни иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ,  аз ҷумла мактабу муассисаҳои тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Вобаста ба ин, дар шаҳри Кӯлоб дар арафаи ҷашни Наврӯзи аҷам чандин иншоотҳои таъиноташон гуногун аз ҷониби шахсони бонангу номуси шаҳр сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи онҳо барои беҳтарин шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд. Илова бар ин, аз ҷониби шахсони фаъолу саховатпеша ба садҳо ятимону нафарони эҳтиёҷманд кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуданд.

Чун мо мардуми тоҷик дар остонаи ҷашни мубораку муқаддас – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва Наврӯзи имсола низ дар доираи ин ҷашни бузург таҷлил гардид, ҳар яки моро зарур аст то бо дасту дилу нияти пок минбаъд низ баҳри ободии ҳар гӯшаи Ватанамон саҳмгузорӣ намуда, талош бар он дошта бошем, ки оташи ҳамешафурӯзони истиқлолияти мо ҳеҷ гоҳ хомӯш нагардад.

Шарифзода Гулрухсор,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg