БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИТОҲИ КОМПЛЕКСИ ЧОРВОДОРИИ ГӮШТИИ “МАРМАРӢ”

ЁВОН.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Комплекси чорводории гӯштии “Мармарӣ” дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар миқёси мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад.

Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба ферма 1500 сар чорво ворид гардидааст.

Ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 оғилхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки маҷмааи чорводории “Мармарӣ” бо насли чорвои худӣ таъмин гардида, барои рушди саноати коркард ва хоҷагии халқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Майдони умумии заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳи тобистонаи ноҳияи Ховалинг гузаронида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар дохил ва атрофи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” беш аз 2200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои садбаргу лола шинонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg