БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗНАВСОЗИИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ ЁВОН

ЁВОН. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон пули мошингузари байни кӯчаҳои Расул Раҷабов ва Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.

Пули мазкур дар маркази ноҳия-шаҳраки Ёвон, дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” аз ҷониби аъзову ҷонибдорони ҲХДТ сохта шуда, дарозии иншоот 64 метр, паҳноии он 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар асоси лоиҳа дар ду паҳлӯи пули мошингузар роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр сохта шуда, барои истифода дар муддати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.

Ҳамчунин дар ду соҳили дарёча 34 адад мехсутуни пул бунёд карда шуда, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш карда шудааст.

Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлӯи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳанини ҳимоявӣ васлу насб карда шудаанд.

Пули сохташуда аҳамияти зиёд дошта, аз он баробари зиёда аз 30 ҳазор нафар сокинони ноҳия меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.

Бо мақсади таъмини бемамониати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ҳангоми шабона дар болои пул 8 сутунпоя ва чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст. Дар доираи тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ду шафати пули мошингузар ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, дигар иқдомҳои созандагӣ низ амалӣ гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани пули мошингузарро дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон ноҳияи Ёвон туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншоот ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолият ва зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg