БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИТОҲИ “ОРИЁНА” ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

ЁВОН. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ёвон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”- Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон - аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2020 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт. Дар давраи сохтмон беш аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар ноҳияи Ёвон 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 1 ҳазору 200 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо саҳми гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои 1240 хонанда дар ду баст, Коллеҷи техникӣ - фарматсевтӣ барои 2 ҳазору 800 нафар донишҷӯ, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 нафар кӯдак сохта шуда, инчунин таҷдиду навсозии роҳҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон ва пайвастшавии шоҳроҳи “Ёвон - Ваҳдат - Абдураҳмони Ҷомӣ” дар масоҳати беш аз 6 километр анҷом ёфтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg