БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН

Н. ХУСРАВ. Бо  раисони  ташкилотҳои ибтидоии  деҳоту  маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  мақсади  таҳкими низоми  ҳаракати  ҳизб, механизми  танзимкунандаи  гурӯҳи  муносибатҳо ва амалу  рафтори  аъзои  ҳизб, ба расимятдарории фаъолияти   аъзои  ҳизб,  аз  ҷумла  ба  мисоли  «Қабул  ба сафи  ҳизб», «Ба   қайд  гирифтани  аъзо»,  Аз  қайд  баровардани аъзо», «Боз  доштани  узвият» ва  «Хориҷ  кардани  аъзои  ҳизб» дар  асоси  талаботҳои  «Роҳнамо барои  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ» семенар-машварати  омӯзишӣ   баргузор  гардид.

Масъулини  Кумитаи  иҷроия ба раисони  ташкилотҳоли  ибтидоии деҳоту  маҳаллаҳо  оид ба   ҳаракати  аъзои  ҳизб, роҳу усулҳои  амалӣ  намудани  корҳои  тарғиботӣ,   ҷалби  ҷонибдорон барои  аъзогӣ ба  сафи ҳизб,  аз  ҷумла  ҳуҷҷатгузорӣ,  татбиқи  ҳадафҳои ҳизбӣ, амалисозии  аксияҳои  ҳизбӣ, ташкили  корҳои  созандагию  ободонӣ ва Низомнома  дар  бораи фаъолияти  молиявии  ҲХДТ, ҷамъоварӣ  ва  сари вақт супоридани  аъзоҳаққӣ, тартиби ташкили  ҳуҷҷатгузорӣ  ва  ҳуҷчатҳои зарурӣ  барои  фаъолияти  ташкилот    мавриди баррасӣ қарор дода,   13 банди  роҳнамо  яко  як  ба   иштирокчиёни  семенар фаҳмонида  дода  шуд.

Ҳамчунин   ҷиҳати   истиқболи  сазовори  ҷашни  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  баргузории  корҳои  ободонию созандагӣ, ташкили  ҳашарҳои  дастаҷаъмона дар  доираи  Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!» ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg