БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОС ДОШТАНИ РУҲИ ГУЗАШТАГОН ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ МИЛЛӢ

Н. ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроия дар ноҳия ҷиҳати  тарғиби урфу  одат  ва  анъанаҳои  неки ниёгон  ва  эҳтиром гузоштан  ба  насли  калонсолу  гузашта, эмин  нигоҳ  доштану   ҳифзи   оромгоҳҳо ва  тарбия  намудани  насли  наврас дар руҳияи  анъанаҳои  неки  миллиамон    рӯзи  якшанбеи  охири  моҳ яъне  28-уми март Аксияи умумуминоҳиявӣ «Рӯзи  ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ  бо  Шӯрои  собиқадорони  ҷангу меҳнати  ноҳия, собиқадорони  ҳизб, ходимони  дин, дар 2 қабристони  деҳаҳои ноҳия  баргузор  намуданд.

Дар  қабристонҳои деҳаҳои Арабхонаи Ҷамоати  деҳоти Истиқлол ва Сангобаи  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо иштироки  васеи сокинон  Аксияи  «Рӯзи  ёдоварӣ»  баргузор  гардида,  гирду  атрофи  оромгоҳи деҳа  тоза  карда  шуда, дарвозаи  атрофи кабристон рангу бор  карда  шуданд.

Дар  қабристони  калони  деҳаи  Сангоба  бо  дастгирии сокинон  ва   ашхоси  саховатпеша роҳи калони қабристон  аз  нав таъмир   карда шуд.

Дар баргузории   амалиёти умуминоҳиявии  «Рӯзи  ёдоварӣ»  зиёда  аз 500 нафар  сокинон дар  ҳашари  тоза  намудани  дохил ва  атрофи  қабристонҳо иштирок  намуданд.

Масъулини Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав, аъзои  Ситоди ноҳиявӣ моҳияти «Рӯзи  ёдоварӣ"-ро ба мардум  фаҳмонида, гуфтанд, ки    анъанаҳои  неки  ниёгон  боиси  тақвият  ёфтани  дӯстиву  рафоқати мардум  ва  хайрхоҳию пос  доштани  руҳи гузаштагон ва  дар  рӯҳияи  баланд  тарбия  намудани  насли  ҷавон  мебошад. Миллати  тоҷик   бо пайравӣ   аз  анъанаҳои  миллӣ  ва  урфу  одатҳои  наҷибаш  соҳиби  ҳурмат  ва  эҳтироми  оламиён гаштааст. Дар ин рӯз ба иштирокдорони чорабинии ҳизбӣ хӯроки гарми нисфирӯзӣ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg