БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲОТАМЕ БО ХАРҶИ ДИГАРОН

ВОКУНИШ. Иззат Амон ва ё Ҳотами Тойе, ки бо харҷи киссаи дигарон дар хориҷ аз кишвар “маҳбубият ва ё шуҳрат” пайдо намудааст. Шуҳрат бо дурӯғ, бо найранг, бо ҳилла ва билохира бо макри устодӣ. Макре, ки дар он таълим гирифтаву устодоне чун Кабириву Муҳамадиқбол, Саидюнусу Шарофиддин, Салмону Беҳрӯз, Ҳусейну Ҳасан ва ҳоказо дорад.

“Корнамоӣ” -и Иззат Амон ба ёди кас “хизматҳои хирсона”-и собиқ саркардагони ТЭТ мамнуъгаштаи наҳзати исломиро мемонад, ки дар хоки Афғонистон барои гурезагони тоҷик солҳои 92 -юми асри гузашта амалӣ намуда буданд.

Иззат Амон намояндаи ин гурӯҳи ифротгаро буда, тибқи нақшаи таҳрезии онҳо дар миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қарор доранд. Баромадҳои пай дар пайи Иззат Амон дар сомонаву радиоҳои хусусӣ, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мегардад, нишонаӣ пайвастагӣ бо навкарони наҳзатро дорад.

Хайр кардану корҳои савоб ба ҷо овардан дар ҳақи бародари мумин бояд равишу хосияти хос дошта бошад, на тарғибу ташвиқ. Аз меҳрубониву хоксорӣ ва раҳму шафқати тоҷиконаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хоки давлати бародари Россия истифода бурдан, онҳоро бо чанд кумаку суханҳои нарм ба доми найрангу фиреб кашидан нишонаи як инсони комил набуда, баръакс хиёнат ба боварӣ ва ҳамватан аст. Калимаи “Хиёнат” дигар барои навкарону пайкарони наҳзатӣ бо ном исломӣ забонзада гардида, аз ҳадди “Хиёнат” гузаштааст. Фазои имрӯзаи пайравони наҳзат, ки Иззат Амон яке аз навкарони он мебошад, ба онҳо маълуму маъмул буда, усули куҳна аст. Имрӯз минбари асосии онҳо шабакаҳои интернетӣ буда, тавассути он мақсадҳои нопоки хешро амалӣ менамоянд.

Кӯр асояшро як бор гум мекунад ва мо мардуми тоҷик бо ёрии ҳамзабонони хеш як бор асои хешро гум кардем. Пӯшти гум шудани асоҳои миллати тоҷик шахсоне пинҳон шудаанд, ки писари модар, падари писар, шавҳари ҳамсар, овони кӯдакиву номуси духтарии ҳазорон тоҷику тоҷикистониро дуздинад, хиёнат карданд, роҳгум намуданду сӯзониданд.

Миллати тоҷик бо ташаббуси “ватандорони асил” даҳсолаҳо ба қафо рафт, даҳсолаҳо рушд накард. Мондани “Ришҳои дароз”, овардани номи “Аллоҳи бузург”, “Тасбеҳ задан”, пӯшидани “сатру ҳиҷоб” ва паси ин ҳама исломзодагӣ як дурӯғро ҷой кардан магар барои як мусалмони воқеӣ воҷиб аст, аллбата не.

Имрӯз ба андешаи баъзе аз “евра- муллоҳо”, ки моро такфирӣ мехонанд ва ба дину оини миллии мо рахна мезананд, ҷавоб гӯем, ки мо ба чунин евро-муллоҳо ниёз надорем, зеро ки шумо аз дину оин, суннату мазҳаби ҳазорсолаи тоҷикон безоред ва танҳо ҳадафи шумо ба даст овардани маблағи ночиз аст.

Ба ҷойи мисол чаро имрӯз навкарони наҳзатӣ дар давлатҳои исломӣ ба мисли Эрону Авғонистон, Арабистону Миср, Сурияву Ироқ, Явану Лубнон қароргоҳ ташкил намекунанду дар Олмон паноҳгоҳи сиёсӣ меҷӯянд. Ҷавоби ин пеши мову шумо маълум аст, зеро ки онҳо худ аз исломи муқаддас дурӣ меҷӯянд ва барои онҳо муъмин бародари муъмин будану хиёнат ба давлату миллат куфри неъмат будан арзише надорад.

Барои онҳо пулу мол, сарвату дунё, тамошои занони бараҳна, айшу ишрати дурӯза аз давлату миллат болотар аст.

Бовар дорам, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои миллати тоҷик азизу мутаббар ҳастанд, чеҳраи аслии Иззат Амонро мешиносанд ва барои обрӯ ва эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалоӣ сайю талош меварзанд.

Саёҳат Абдуллозода, сокини ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg