БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ФАЪОЛОНА ИШТИРОК КАРДАНД

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории аксияи муштараки амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «16-солагии Истиқлолият» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо мақсади тоза намудани гирду атроф ва дохили манзилгоҳи деҳа ба ҳашар баромаданд.

Дар рафти корҳои ободонӣ сокинон ба тоза намудани гирду атрофи қабристон ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан машғул шуданд. Дар ин ҳашар зиёда аз 67 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонро ба анҷом  расониданд, ҳамзамон  дар ин аксия имомхатиби маҳалла низ иштирок дошта, дар оромгоҳи тозакардашуда зиёда аз 75 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg