БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БА СӮИ ОЯНДАИ ОБОДУ ОСУДА БО ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ПЕШ МЕРАВАД

НОРАК. Дар деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  бо сокинон вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва Мизробиён Саодатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро Қумриниссо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оғоз бахшида,  оид ба  моҳияти  Паёми имсолаи Пешвои миллат баромад намуд. Сипас, Мизробиён Саодатшо қайд кард, ки  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва дар зарфи бисту ҳафт сол ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем, ки ин ҳама бо роҳбарию кордонии сарвари давлатамон ба мо ноил гардидааст. Инчунин,  Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ афзуд, ки озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Дар фарҷоми вохўрӣ мардум фикру ақидаҳои худро оид ба Паём баён дошта, ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg