БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА ҶО ТАНТАНАИ НАВРӮЗ АСТ...

НОРАК. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Норак чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби сокинони деҳаву маҳалаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” ин ҷашни аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаи таълимии №1-и шаҳр бо оростани дастурхони наврӯзӣ ҳафтсину ҳафтшин ин чорабиниро шукӯҳу шаҳомати дигар бахшиданд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонони маҳал мусобиқаҳои варзишии миллӣ, аз қабилӣ бандкашӣ ва гӯштин гузаронида шуда, ғолибон аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Наврӯз мисли китоби муқаддасест, ки дар саҳифаҳои заррини он тамоми урфу одат, таърих ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дарҷ гардидааст”, аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ин китоби муқаддасро чун гавҳараки чшам эҳтиёт ва гиромӣ нигоҳ дорем чун ин ҷашн ба тамоми мардуми дунё фарҳанги ғании миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg