БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАРҒИБГАРИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИВУ ВАТАНДОРӢ

НОРАК. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кибил»-и деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯрӣ таҳти унвони “Паём – тарғибгари ифтихори миллӣ ва  ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ” бо ҷалби падару модарон ва ҷавонони маҳал бо иштироки  гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Муслима Ғуриева мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суханронӣ намуд.

Сипас, аъзои гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ  Боева Файзимоҳ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ номида ба падару модарон, занон ва ҷавонон маслиҳат дод, ки ин беҳтарин пешниҳод аст, ки аз тарафи Сарвари давлат эълон гардидааст ва моро зарур аст, ин пешниҳоди Роҳбари давлатро бо ҷону дил пазиро бошем.Мо, ки  халқи тоҷик ҳунарҳои зиёде дорем, бо мурири замон баъзеашон қариб, ки аз байн рафта буданд ва  имрӯз моро зарур аст, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамчун фарзандони асили тоҷик ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намоем ва ба насли ҷавон омӯзонем.                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg