БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН БО СОКИНОН МУЛОҚОТИ СУДМАНД АНҶОМ ДОДАНД

НОРАК. Дар деҳаи Чал-чали Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  бо сокинони деҳа  ба расонидани муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва Мизробиён Саодатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро Қумриниссо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оғоз карда, оид ба   Паёми имсолаи Пешвои миллат баромад намуд. Сипас, Мизробиён Саодатшо ба сухан баромада зикр намуд, ки  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва дар зарфи бисту ҳафт сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем, ки ин ҳама бо роҳбарию кордонии Сарвари давлатамон ба мо муяссар гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg