БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

НОРАК. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони деҳаи Ғофилободи Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Сараввал Фирдавс Ғафурзода  роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  атрофи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни сисолагии Истиқлол ба нақша гирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Инчунин, дигар баромадкунандагон вобаста  ба масъалаҳои  рӯзмарра ақидаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои обу тоби бадан, дар вақтҳои холигӣ ба варзиш машғул шуданро ба хотири   тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва дигар амалҳои созанда ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg