БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи варзишии “Волейбол” миёни ҷавондухтарону бонувон доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур дастаҳои волейболбозони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои  3,5,8,10,16,28, Гимназияи№1 ва Литсейи далатии “Нурбахш” ҷалб гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ва ҷалби занону ҷавондухтарон ба варзиш мебошад.

Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg