БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

НОРАК. Бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода дар Маркази мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар шаҳри Норак вохӯрӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон баргузор карда шуд.

Дар баромади худ Қумриниссо Гулмуродзода доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дастовардҳои назаррас, раванди босуръати саноатикунонии кишвар, арзишҳои фарҳангӣ, татбиқи сиёсати занон ва ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар Паём зикр гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамо ва дастури муҳим барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва заминаи воқеӣ барои таъмини зиндагии шоистаи халқ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар корхонаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Солимии ҷомеа” таъсис дода шуда, раси ташкилоти номбурда Девонаева Хуршеда интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg