БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТОҶИКИСТОН МАТБУОТИ ОЗОД МАВҶУД АСТ

ВОКУНИШ. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбати сармуҳаррири  ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва сардабири собиқи ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард ба қавле матбуот дар Тоҷикистон озод нест, тамошо намудам.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дида истодаем, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши муҳим, яъне матбуот эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Ҳамин аст, ки ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор гардида, аз бурду бохти тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳогузорӣ карда мешавад. Имрӯз агар матбуот озод намебуд, дар нишастҳои матбуотӣ бо саволу ҷавобҳое, ки аз тарафи хабарнигорони ВАО дода мешавад, ба таври зинда инъикос карда намешуд. Яъне, корхонаву муассисаҳои мамлакат кору фаъолияташон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, дар ин нишастҳо натиҷагирӣ ва баррасӣ карда мешаванд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон аз нашрияҳои маҳаллӣ сар карда, то нашрияҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият карда истодаанд. Мусаллам аст, ки нақши матбуот, дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург аст. Зеро ҷомеа ба матбуот ва дар он инъикоси саривақтии рӯйдодҳои ҳамарӯзаи хабарҳо ниёз дорад. Ва нуқтаи муҳимми дигар он аст, ки ҳамасола санаи 11 март дар тамоми қаламравӣ кишвар Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Зимни ҷашнгрии Рӯзи матбуот тамоми хабарнигорони мамлакат новобаста дар кадом ВАО фаъолият доранд, қадршиносӣ мегарданд.

Ҷойи пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон нашрияҳо чӣ шахсӣ бошаду чӣ давлатӣ  ба ҳама самтҳои хоҷагии халқ, махсусан, занону бонувон, иқтисоду иҷтимоиёт, тандурустию маориф ба тамоми забонҳо чоп шуда истодааст, ки дилхоҳ шаҳрванд аз пир то ҷавон метавонад аз фаъолияти ин самту соҳаҳо хабардор бошанд.

Дар баробари ин, имрӯз мардум ба интернет дастрасӣ доранду метавонанд дилхоҳ мавод ё ин, ки вокунишу андешаҳояш ва ё мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи ҷомеаро ба таври васеъ инъикос намоянд.

Аз ин нуқтаи назар метавон хулоса кард, ки матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра озод буда, он ба таври густурда фаъолият дорад. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон матбуот озод аст.

Мунаввараи Бозоралӣ,  муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg