БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТРӮЯКОНИ МО АЗ НАВРӮЗӢ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Левакант бо иштироки васеи кӯдакон ҷашни Наврӯзи оламафрӯз таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод  иштирок намуда, ӯро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Левакант, Олимзода Низора,  мудирони бахшҳои маориф ва кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Зимнан раиси шаҳр тамоми мураббиён ва тарбиягирандагонро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуда, барояшон муваффақияту комёбӣ орзу намуд.

Сипас, дӯстрӯякону мураббиёни муассиса суфраи омодакардаи идонаи худро ба ҷашни Наврӯз, ки иборат аз ҳафтсину ҳафтшин буд, пешкаши меҳмонон гардониданд. Инчунин, барномаи рангини идонаи омодакардаи кӯдакони муассиса шеъру таронаҳо ва анъанаҳои наврӯзиро дар бар мегирифт, манзури ҳамагон  гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg