БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАК БА ЯТИМОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ҷиҳати мусоидат баҳри таъмини кафолати иҷтимоии давлатӣ ба маъюбону ятимон ва бепарасторон ҷиҳати беҳтар намудани зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ва вакилони ҳизбӣ корҳои хайру сахо амалӣ гардиданд.

Чунин иқдоми хайрхоҳона дар рӯзҳои ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар мактаб - интернати ёрирасони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ  Насриддинов Хайрулло бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шарифзода Гулрухсор ба анҷом дода, ба 35 нафар хонандагони ин боргоҳ лавозимотҳои хониш туҳфа карда шуданд.

Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки дастгирии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ташаббусҳои ҳизбиён дар мавриди аёдату дастгирии оилаҳои ниёзманд мавсимӣ набуда, пайваста амалӣ карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg