БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ НАВРӮЗ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН БОТАНТАНА ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шарифзода Гулрухсор, узви Кумитаи иҷроия, саромӯзгори ДДК  Шоинов Ҳасан, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, узви фаъоли ҲХДТ  Қурбонзода Наргис ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Шарифзода Гулрухсор ба сухан баромада, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфта,  изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз ин иди фарорасии баҳор, иди шодию сурур, саршавии оғози сол, ҷашни бузурги  бедории табиат ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, пирӯзӣ рӯшноӣ бар торикӣ ва ғайраҳоро маънидод мекунанд.  Аз ин ҷост, ки онро дар кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Сипас, аз ҷониби ихтиёрини назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ барои болидахотирии ҳозирин роҳандозӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg