БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҲАЛАМОНРО ҲАМА ЯКҶОЯ БА ЯКЕ АЗ МАҲАЛҲОИ ПЕШРАФТАВУ ОБОД МУБАДДАЛ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани идҳои миллӣ бо маром идома доранд.

Ҷамоати деҳоти Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ, ки яке аз деҳаҳои ободу зеботарини ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад, барои боз ҳам ободтар намудани симои ҷамоат сокинони бомаърифату меҳнатдӯстӣ он ба корҳои ободонӣ вусъат бахшиданд.

Ин навбат онҳо ният доранд дар маркази ҷамоат  “Боғи парчам” бунёд кунанд ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” майдони ин боғро тахту ҳамвор карданд.

Зимнан сокинони ҷамоати деҳоти мазкур  иброз намуданд, ки мо якҷоя бо шахсони саховатпеша маҳаламонро  ба яке аз маҳалҳои ободтарину пешрафтатарин табдил медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg