БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҷалби волонтёрон дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!” гузаронида шуд.

Дар Аксияи мазкур кормандони масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо волонтёрон  бо усули “роҳ ба роҳ” ба модарону хоҳарон гулҳои рангорангу зеборо  тақдим намуда, онҳоро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфтанд.

Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки Наврӯз рамзи ваҳдати инсонияти асил аст. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки сарҷамъ, аз як гиребон сар бароварда баҳри ободӣ, тинҷӣ ва осоиштагии кишвари азизамон саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg