БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДИИ ДИЁР БО ДИЛУ ҶОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии “Хизматрасонии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Восеъ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон иштирокдорони шанбегӣ замини назди биноро нарму мулоим намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи диёрамон дар онҷо гулҳои ороишӣ шинониданд.

Зимнан бояд қайд намоем, ки чунин шанбегиҳо аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизбӣ ва сокинони меҳнатдӯст дар дигар ташкилотҳо, корхонаҳо, деҳаҳо ва маҳалҳои ноҳия бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg