БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ КӮМАК ДАРОЗ НАМУДАН БА НИЁЗМАНДОН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” ва “Шифо” дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гирифтани дасти ятимону оилаҳои эҳтиёҷманд шахсони камбизоат дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Беморхонаи минтақавӣ №5-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ташкилотҳоии ибтидоии болозикр амалиёти хатна ба роҳ монда шуд.

Қонун дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон ба шумор меравад.

Бояд  қайд кард, ки дар ин амалиёт зиёда аз 85 нафар кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат ва ятимонро мутахассисони соҳа ба таври ройгон хатна намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg