БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАБРИСТОНҲОРО ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки сокинони деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, имомхатибони масҷидҳои деҳаи Гулобод ва Меҳнатобод дар қабристони деҳаи Меҳнатобод “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 250 нафар сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати Меҳнатобод иштирок карда, ба тозаю озода кардани гирду атроф ва дохили қабристон, тоза кардани дарахтон, аз шоху навдаҳои зиёдатӣ, шинонидани ниҳолҳои сояафкан, бо симтур маҳкам намудан ё таъмир кардани ҳудуди қабристон машғул гардиданд.

Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев баромад карда, оид ба  аҳамияти гузаронидани чорабинии “Рӯзи ёдоварӣ” суханронӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg