БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ташкилотии ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сокинони деҳа ҷашн гирифта шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон ҳангоми суҳбат бо сокинон оид ба  ҷаҳонӣ шудани Наврӯз суханронӣ карда, қайд намуд, ки тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо таровати хоса мебахшад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷики ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи деҳаи Дӯстӣ ба 50 нафар ятимон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманду эҳтиёҷманд кумаки яквақтаинаи пулӣ расонида шуд. Ҳамзамон кӯдакон дар бунгоҳи тиббии деҳа аз ҷониби духтурон хатна карда шуданд.

Хотири ҷамъомадагонро ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо суруду рақсҳои дилошуби худ шод гардониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg