БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!

АНДЕША. Тоҷикистон Ватани зебою ҳамешабаҳор аст ва дар он гузаронидани ҷашну маъракаҳои миллию давлатӣ кайҳост, ки ба ҳукми анъана  даромада аст. Ҳар як  иду ҷашнҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Яке аз чунин ҷашнҳо  ин ҷашни Наврӯз аст, ки онро иди Баҳор, иди шодию сурур, саршавии оғози сол, ҷашни бузурги  бедории табиат ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, пирӯзӣ бар торикӣ ва ғайраҳо маънидод мекунанд. 

Наврӯз ҳар сол ҳангоми баробар шудани шабу рӯз  ба кишвари мо қадам  мегузорад. Мардум бо чеҳраҳои хандону руҳи болида  дар ҳар шаҳру деҳот, кӯчаю  маҳҳаллаҳо  ин ҷашни  суннатию аҷдодиамонро бо  риояи суннатҳои хоси наврӯзӣ пешвоз мегиранд. Яке аз барҷастатарин маросими хоси наврӯзӣ суманакпазӣ буда, ҳоло ҳам дар миёни халқ  идома дорад. Суманак таоми  беҳтарину хушмаззатарини хони Наврӯз аст, ки онро мардуми тоҷик пеш аз омад-омади Наврӯз дар зарфҳои махсус, аз донаҳои гандум сабзонида, аз шираи он таоми наврӯзӣ тайёр мекунанд,

Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарбаландист, ки ҷашни Наврӯзро ки аслан аз гузаштагонамон ба мо то ба имрӯз мерос мондааст, қариб дар тамоми дунё ҷашн мегиранд, бахусус дар даврони истиқлолият ин ҷашни воқеан, таърихию суннатии мо  бо ташаббус ва талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари нав эҳё гашт ва натиҷаи ҳамин буд, ки  26 феврали соли 2010 мувофиқи қарори ЮНЕСКО дар Иҷлосияи  64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти овозҳо “Иди байналмилалии Наврӯз” эълон гардид. Ин падидаи фарҳангӣ бори дигар ба оламиён нишон дод, ки халқи тоҷик на танҳо мардуми шеърдӯсту адибпарвар, балки миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун  низ ба шумор меравад.

Дар даврони истиқлолият пеш аз ҳама ҷашни Наврӯз мавриди таваҷҷуҳи давлату ҷомеа  қарор дорад, зеро худшиносии қавми гузаштаи мардуми тоҷик суннати аҷдодии таърихию фарҳанги имрӯзу фардои мост. Аз ин лиҳоз, мо насли имрӯза муаззаф ҳастем, ки ин суннатҳои хоси Наврӯзро густариш дода, дар қалби наврасону ҷавонон  меҳри эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни  аҷдодонамонро тарбия созем.

Бошад, ки Наврӯзи имсола ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат хушию хушрӯзгориро ато намояд. Тавре шоир гуфтааст:

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.                                                               

Валиева Саъбагул,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg