БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ дар  Гулбоғи ноҳияи Восеъ чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии баргузоршуда раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба шахсоне, ки ба пешравию ободонии  ноҳия саҳми худро гузоштааанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ кард. Аз ҷумла дар ин қатор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ низ бо чунин Сипоснома қадронӣ гардид.

Ҳамзамон дар майдони Гулбоғ ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда, то ин ки ҷавонон онҳоро тамошо карда, аз ҳунару фарҳанги бойи халқи худ огоҳӣ пайдо намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Қасри фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg