БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии  ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур занону бонувони ҳунарманд маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузошта аз намоиши ҳунарии онҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Бобохон Шарбатов ва раиси ҷамоати шаҳраки Вахш Г.Тоҷиддинзода дидан намуда, ба хунари дастони кадбонувон баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Сабоҳат Салимова ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Илҳом Даминов ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg