
АНДЕША. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад, - омадааст дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамасола ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия дар мамлакат биноҳои нави замонавӣ муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар соли гузаштаи 2020 дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.
Дар Паём Пешвои миллат ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон пешниҳод намуд, ки ҳамасола дар баробари озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.
Бояд зикр намуд, ки дар мамлакат шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳам сол то сол зиёд мегардад. Агар то замони Истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ бошад, ҳоло шумораи муассисаҳои олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.
Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар Паём омадааст, ки Ҳукумати мамлакат тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат мебахшад.
Ҳадафи Ҳукумат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рҳмон аз ин ташаббусҳо, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯён, гирандагони стипендияи президентӣ, олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура, озмунҳои ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани сатҳу саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омухтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ, тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, ворисони сазовори давлату миллат мебошад.
Малоҳат Сатторова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг