
ФАРХОР. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирӣ аз сироятёбии коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
Масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуда, инчунин, бо иқтибосҳо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ доданд.