ПАНҶ. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроия Ϝафуров Сайдамир бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳия суҳбат дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби аср” доир намуд.
Дар суҳбат мавсуф зикр кард, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, ки баъзе аз онҳо аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, истифода мебаранд. Сипас, дар идомаи сухан аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки набояд онҳо ба ҳар гуна суханони бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ бовар карда, аз паи илму дониш ва ҳунаромӯзии хеш гарданд. Инчунин, дар давоми вохӯрӣ оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва хизмат ба Ватан –Модар ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни вохурӣ бобати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» ва «Беҳтарин сарфакори неруи барқ» ба хонандагон суҳбати судманд ва дастуру пешниҳодҳои ҳизбӣ дода шуд.