БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагони - 1” бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул бо ҷавонон мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқот аз ҷониби Валиева Саъбагул оид ба ҳадафҳо ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфта шуда, мавсуф баён дошт, ки ҲХДТ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, дар ҳама ҷабҳаҳо ташаббусҳои созандаи ин қишри ҷомеаро дастгирӣ менамояд. Дар идома қайд намуд, ки доимо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати занону бонувон аҳамияти хоса дода мешавад. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат  дар Паёми навбатиашон чунин қайд доштанд, ки: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Аз ин рӯ, хусусан, ҷавондухтаронро мебояд, ҳарчи бештар донишҳои худро мустаҳкам намуда, илмҳои замони муосирро аз худ намоянд ва ба ин васила ба ин бовариву эътимоди Сарвари давлат сазовор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg