БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРЕ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба фаҳмонидани  муҳтавои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гашта буд,  дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Маданият” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намоянда аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Саидзода Зариф Саид, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва намоянда аз Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия  иштирок дошта,  оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, фаъолгардонии аҳолӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои характери терроризм  ва экстремистидошта, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози андеша намуданд. Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо хотима ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg