БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ТАҶАССУМГАРИ СИМОИ МАЪНАВИИ ХАЛҚ

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудаанд, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии духтарон дар ин самт тариқи ташкили чорабиниҳои гуногуни шавқангез дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 чорабинии ҳизбӣ доир гардид.

Пеш аз оғози чорабинии мазкур  намояндагони ҳизбӣ аз намоиши ҳунарии хунармандони ҷавони муассисаи таълимӣ, ки бо маҳорати баланди  дӯзандагӣ омода карда шудаанд, дидан намуда, ба ҳунари волои ҳунармандони хушзавк баҳои баланд доданд. Инчунин, зимни суҳбат масъулин ба ҳунарманддухтарон барои боз ҳам тақвият бахшидани   фарҳанги миллӣ, аз нав эҳё кардани анъанаҳои неки ниёгон  маслиҳатҳои судманд доданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg