БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР - ФАРИШТА ВА ЧАРОҒИ ХОНАДОН!

АНДЕША. Модар ягона шахсияти маъруф ва муътабарест, ки Худованд баҳри инсоният ато кардааст. Модар фаришта, чароғи хонадон ва ситораест, ки шабонгоҳ ба тамоми сайёра ҷило дода, мисли моҳи тобон дунёро рӯшноӣ мебахшад. Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудот ва азизтар аз он касе нест. Тамоми ҳастии вуҷуди мо аз Модар аст, маҳз бо туфайли Модар мо ба дунё омада, бо дуои Модар медурахшем. Ҳар замоне, ки дучори мушкилоте шавем номашро ба забон оварда мегӯем: Модарам! Модарҷон! Меҳру муҳаббату азамату шукӯҳи хонадонам-Модар, шабзиндадору  дуогӯю  рӯшноии қалби фарзандон ту ҳастӣ, ҳаёту зиндагониям бе ту бароям маъное надорад, бароям ҳамеша дуои хайр бигӯ Модарҷон. Ту ҳастӣ, ки ман ин ҳама хушбахтам, сарбаландам, бузургам, ҷасурам тавонгарам. Бо будани Шумо-Модар дидагонам пурнуру ҳаётам оромиш дорад, зеро ту ҳастиятро барои ман бахшидаӣ, баҳри ба дунё овардани ман бо марг даст ба гиребон шуда, ҷони азизи худро ба хатар гузоштаӣ. Ту дар ҳақиқатан ҳам Фариштаӣ, фариштаи инсонӣ, ки мисли моҳтоб дар дилу дидаи ҳамагон дурахшидаӣ. Тухми инсонро дар замин кошта баҳри ба камол расонидани инсоният мубориза мебарӣ. Меҳру муҳаббату азамату покиро ҳамагон аз Шумо омӯхта бо ин васила зиндагию ҳаёташонро нуронӣ мекунанд. Манҳам ҳаёту зиндагиямро бо будани Шумо хушу хурсанд мебинам. Зеро, ки мисли Шумо азизтарро надорам-Модар.

Гуфтам Модар? Гуфти ҷонам:

Гуфтам дард дорам? Гуфти оҳ бачаҷонам!                                     

Гуфтам ҳастаам? Гуфти макун парешонам!                                  

Гуфтам гуруснаам? Гуфти бихӯр аз саҳми нонам.                           

Гуфтам куҷо бихобам? Гуфти руи чашмонам.

Воқеан ҳам Модар ягона шахсиятест, ки баҳри хуб ба камол расидани фарзандон ба ҳамаи кор омодааст. Ҳамаи Модарон худ намехураду моро мехуронанд, худ намепӯшаду моро мепӯшонанд, шабҳо ба хотири ором хобидани мо то саҳар дар сари гаҳвораи мо алла мегӯянд. Меҳрубонтарини меҳрубонон ва раҳмдилу ҳалиму азизтар чун Модар касе нест. Мебояд, ки барояш дунёро фидо кунем. Модар-бе будани Шумо ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ ҳаёте гуворо нест. Файзи зиндагонии мо аз Шумост. Шумо ситораи дурахшоне ҳастед, ки роҳи фарзандонатонро равшану ҳаёташонро хушбахт месозед.                                            Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин номи зебои Шумост Модар. Шумо нафаре ҳастед, ки беҳтарини инсонҳо ва Паёмбаронро ба дунё овардаед. Чи гунае, ки дар ҳадиси мубораки ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) омадааст, ки мефармояд: “Биҳишт зери қудуми Модарон”.     

Ҳамчунин дар ривояти дигаре омадаст, ки як мард бо ҳамсараш назди Паёмбари Худо (с) омада мепурсанд: Кадоме аз мо ҳуқуқи зиёдтар болои фарзандамон дорад? Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфт: Модараш! Ва ин суханро (калимаи Модарро) се маротиба такрор мекунад. Аз инҷо маълум мешавад, ки барои тамоми инсонҳо Модар муқаддастару азизтарин шахсият мебошад. Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки ҳангоми таваллуд кӯдак аз Худованд мепурсад! Оё маро баъд аз чанд лаҳзае ба замин мефиристӣ дар ҳоле, ки ман тамоман нотавонам? Худованд гуфт: ман пеш аз ту ба онҷо фариштаеро фиристодам, ки аз ту муроғибат хоҳад кард. Кӯдак гуфт: вале аз дасти ман ғайр аз лабханд задан ва овоз хондан дигар чизе намеояд. Худованд гуфт: фариштаат низ ба ту ширинтарин лабхандро мезанад ва ба гӯшат беҳтарин овозро мехонад. Кӯдак гуфт: агар ман бе Шумо дилгир шавам чӣ? Худованд ӯро навозиш кард ва гуфт: фариштаат дастонатро канори ҳам мегузорад ва ба ту дуъо карданро меомӯзад ва ту ҳамин тариқ ҳамеша дар канори манӣ. Ҳамон замон ба ҷаннат аз тарафи замин садоҳои даҳшатноки гуногун мерафт, кудак тарсид ва гуфт: Худовандо замин пур аз шару шур аст ман метарсам! Худованд ба ӯ лабханд зад ва гуфт: натарс фариштаат туро муҳофизат мекунад ҳатто агар лозим шавад ба қиммати ҷонаш. Кӯдак боз кунҷкобӣ кард, он фаришта чи ном дорад? Худованд боз ба ӯ лабханде зада чавоб дод: Номаш аҳмият надорад ту метавонӣ, ки ӯро модар садо кунӣ. Кӯдак ночор бо дили нохоҳам ва гирёну нолон ба замин фиристода шуд ва дид, ки бо он ҳама кунҷкобиаш сифатҳои хуби ин фариштаро фаҳмида натавонистааст ва аз ҳайрат боз аввалин бор дар замин лабханд зад.                                     

Биёед,  ҳамагон ин гавҳари ноёбро ҳурмату эҳтиром намуда,  барояш тамоми ҳастиямонро фидо кунем, зеро, ки Модар ин ҳамон фариштаест, ки як бор дар ҳаёти мо Модарӣ мекунад.

Нозиров Хайём, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg