БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даво” вохӯрии ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.

Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Зимни баромади худ мавсуф иброз дошт, ки давлату ҳукумати кишвар ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст. Дар Паёми навбатиашон низ Пешвои миллат ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсусро равона намуданд. Дар соли 2020 бешак кормандони соҳаи тиб дар мубориза бо бемории коронавирус дар сафи пеш қарор доштанд. “Ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg