БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ИДАТ МУБОРАК!

Бемор машав Модар, яздони замини ту,

Афгор машав Модар, яктои замини ту.

АНДЕША. Бар ҳақ ин гуфтаҳо асоси воқеӣ дорад,  зеро ки  модар худ офаранда, тарбияткунанда, ғамхору ғамгусори фарзанд буда, пайғамбари бузургону олимону подшоҳонро низ модарон ба дунёи ҳастӣ овардаанд. Дар воқеъ нисбати модар олиҳаи ҳусн суханони зиёде гуфтаанду то ҳол нисбати фариштаи замин шоирон васф менамоянд.

Тавре шоири ширинзабон, Лоиқ Шералӣ нисбати модарон меҳрубонона Модарномаи худро бахшидаанд. Ман ҳам мехоҳам мисрае аз он дар арафаи ҷашни рӯзи Модар рӯйи коғаз биёрам.

Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Дар ҳақиқат айёми тифлӣ ва оғӯши Модар худ биҳишти инсонист, зеро ки ғайри меҳрубонию дилнавозӣ ва садои ширину форами аллаи Модар дигар кору пайкаре надорем. Аммо Модар бо сад навозишу меҳру муҳаббат моро ба воя расонида, орзуманданд, ки фарзандашро калон карда, айёми пириам дастгири ман мешавад, гӯён фарзанди худро ба воя мерасонад.

Вақто, ки тифл ба воя мерасад,  хизмату меҳрубонии модарро, ки шабҳои тор хоб накарда ба фарзандаш навозишкунон алла гуфта, сари гаҳвораи фарзанд то ба саҳар намехобаду ӯро бо шири поку сафедаш сер мекунад, ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Ҳатто мо дар ҳаёти худ, ки фарзандон модарронро хору зор ва ба хонаи бепарасторон бурда мепартоянду дигарбора аз аҳволашон хабар намегиранд, шоҳиди ин воқеаҳо мегардем.

Ин амали ноҷавонмардонаи фарзандон боиси ташвишҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаст. Модари тоҷик аз аззал сухандону ғамхору ғамгусори фарзандон буданд ва лоиқи беҳурматии фарзандон нестанд. Ин ҳолатро дида ба ҳамаи ҷавонон гуфтаниям, ки ба қадру қимати модарони худ бирасанд, онҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки дар ҳаёти худ азобу машаққат бикашанд, чунки Модар дубора ба кас муясар намегардад.

Ба  қади Модари пирам, ки заминбӯс шуда,

Мениҳад по бар лаби гӯр дилам месӯзад.

Дар ҳақиқат модаронро баъди вафот баъд ба қадрашон мерасанду ба хотири беҳурматиашон хайру эҳсонҳои зиёде мекунанд, аммо ин амал ҷоиз нест зеро, ки дили модарро дар зиндагӣ гарм карда, дуои онро гирифтан лозим буд. Аз ин хотир тамоми Модарони тоҷикро ба Рӯзи Модар табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо умри ҷовидона, хушиҳои зиндагӣ, осмони соф, гармии ҳаёти оилавӣ, меҳрубониҳои тифлонро таманно дорам.

Хоҳони онам, ки модари тоҷик ба як дасташ гаҳвораи тифл ва бо дасти дигараш гавҳораҷунбони дунё бошад.

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg